Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайриддинзода Азизбек дар Конфронси умумиҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия иштирок ва суханронӣ намуд.
Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осудаи сокинони сайёраро зери хатар гузоштааст. Терроризм як амали зиддиҷамъиятӣ ва зӯроварӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни ифротӣ нигаронида шудааст. Он бо истифода аз усулҳои шадид ва ваҳшиёна, аз қабили ҳамла ба одамони бегуноҳ ё сохтани асбобҳои тарканда хос аст. Экстремизм як намуди махсуси рафторест, ки ба эътиқод ва ақидаҳои ифротӣ асос ёфтааст, ки аз доираи тавофуқ ва меъёрҳои иҷтимоӣ берун меравад.
Зикр гардид, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҳамаи шаклҳояшон фаъолияти дастаҷамъонаро талаб мекунад. Бояд ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзо дастаҷамъона мубориза бурда, терроризм ва ифротгароиро решакан намоянд.