Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ба сухан баромада, аз ҷумла таъкид намуд, ки: “Таҷлил ва гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар равандҳои ҷаҳони муосир, бахусус ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва ба миён омадани зарурати ҳифзи мероси фарҳангии тоҷикон аҳаммияти махсус дорад.
Тавре аз таърихи башарӣ бармеояд, дар радифи истиқлолу озодӣ забон арзишмандтарин муқаддасот барои миллат ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳаммияти хоссаи забон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидаанд.
Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлатамон дар даврони соҳибистиқлол забони тоҷикӣ ба мақоми сазовори хеш ноил гашт. Дар самти ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат беназиранд. Маҳз ба шарофати иродаи қавии Президенти мамлакат ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди забони давлатӣ мақоми забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва илму фарҳанг баланд бардошта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷик забони он решаҳои амиқ дорад ва ҳамчун василаи муҳимтарини шинохти миллӣ ва ҳифзи ҳувияти тоҷикон шинохта мешавад.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, таъриху фарҳанги миллати шарафманди тоҷик бо забони модарӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва миллати куҳанбунёди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро тавассути ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, садо медиҳад. Ба шарофати сиёсати дурбинонаву ояндасози Пешвои фарҳангпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ҷаҳониён миллати моро бо номи тоҷик, давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эҳтиром мегузоранд”.
Сипас, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саодатшо Матробиён, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Мунаввар Абдусаломзода, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Ғафурҷон Собирзода, мушовири калони муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Марҳабо Азимӣ ва муовини Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимзода Шарифҷон ба сухан баромада доир ба таърих, ташаккул ва рушду ғановати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳлуҳои гуногуни ин масъала маърӯзаву баромадҳо намуданд.