Имрӯз аъзоёни Клуби занон (ladies Club) - ҳамсарони сафирони корпуси дипломатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии ҳамсари сафири Туркия дар Тоҷикистон Надежда Аҷар аз бинои нави Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро тарҳи бино, маҷлисгоҳҳои барҳаво, шароити мусоиди кор ва маишии бино басо писанд омад. Гуфта шуд, ки бинои нави Парламенти кишвар натиҷаи ҳамкориҳои бародарона ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Парламенти Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз ба беш аз 70 парламентҳои давлати дунё ва 8 созмони байналмилаливу минтақавӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентиро ба роҳ мондааст.
Меҳмононро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакилзанони парламенти кишвар истиқбол ва раҳнамоӣ намуданд.
Меҳмонон аз боздид ва шиносоӣ бо шароити кор дар ин бинои хуштарҳу барҳаво таассуроти нек бардоштанд.