Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Баъд аз интихоби Котиботи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон, гурӯҳи назорати низоми электронии овоздиҳӣ ва муайян намудани тартиби инъикоси рафти ҷаласаҳои иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум тибқи бандҳои дахлдори Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд, ки дар он Созишнома дар бораи тартиби таъсис ва иҷрои буҷети Котиботи Қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб», Созишнома оид ба ворид намудани тағйиру иловаи №1 ба Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва обпартои шаҳри Кӯлоб», Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ аз 17 марти соли 1992, Созишномаи қарзӣ байни Фонди Қатар оид ба рушд дар Давлати Қатар ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони сарбанди асосии НБО Роғун барои соли 2025, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» оид ба лоиҳаи бунёди маҷмааи саноатӣ, Қарордоди иловагии №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ширкати мудирияти пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда – Сангоб» аз 17 январи соли 2006 ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад» баррасӣ шуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобахш Шарифа, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Набизода Тоҳир, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Наботзода Сиёвуш, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳакимзода Ҳомидҷон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ниязов Нуралӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Исҳоқӣ Ҳусния, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ҳасанзода Насрулло муаррифӣ намуданд.