Имрӯз дар толори Маҷлиси намояндагон таҳти Раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи Маҷлиси Олӣ-Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбари Дастгоҳ ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар маҷлис Ватанзода Маҳмадалӣ Раиси кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон иштирок доштанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо чорабинии тантанавиро кушода иброз доштанд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” ҳамасола рӯзи 26 сентябр ҳамчун - Рӯзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.
Фаъолият намудани Парламенти мамлакат, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми Олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, 30 сол пур мешавад.
Қайд гардид, ки бунёдгузори Маҷлиси Олӣ ва мактаби парламентаризм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро маҳз бо ҷаҳду талошҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ дар кишвари мо парламентаризми муосир ба фаъолият оғоз намуд.
26 феврали соли 1995 интихоботи вакилони даъвати якуми Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои демократия шаффофу алтернативӣ баргузор гардида, Сафаралӣ Раҷабов Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва парламенти даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба фаъолият шуруъ намуд.
26 сентябри соли 1999 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки моҳият ва вазъи ҳуқуқии парламентро мушаххас ва дигаргун намуд. Дар асоси тағйироту иловаҳо Маҷлиси Олӣ иборат аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар ва ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар муқаррар шуд. Тибқи муқаррароти Конститутсия парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Тоҷикистон аз низоми ягонаи нахустин — Шуроҳо чун мақоми пурраҳокимият даст кашид. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар кард.
Идизода Файзалӣ Фузайлшо ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рўзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, барояшон саодати рўзгор, барору муваффақиятҳо ва дар фаъолияти касбиашон комёбию пирўзиҳо таманно намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, Матробиён Саодатшо ва Мансурӣ Шодмон муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баромад намуданд.
Ватанзода Маҳмадалӣ ҳамаи хозиринро аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати фаъолияти худ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар таҳкими сулҳу салоҳ, пойдории асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлатӣ, эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор аст. Боварии комил дорем, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ минбаъд низ асолати таърихан бар зиммааш гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо боз ҳам саҳми назарраси худро мегузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ Идизода Файзалӣ Фузайлшо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамаи ҳозириниро ба муносибати Рўзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, барори кор, ба хонадони ҳар яки онҳо ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуданд.