Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар маросими хотимавии ташаббуси "Ҷавондухтарон барои сулҳ, тавонмандсозии ҷавондухтарони Осиёи Марказӣ"-и САҲА дар шаҳри Вена рўзи 18 сентябри соли 2025 бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА хонум Кейт Фирон, муовини Президенти Асамблеяи Парламентии САҲА хонум Гудрун Куглар ва Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Австрия - Осиёи Марказӣ ва Муғулистон таҳти роҳбарии муовини Президенти Ассамблеяи Парламентии САҲА хонум Ҳенрике Брандштёттер мулоқот намуд.
М. Муинӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона бо САҲА, Ассамблеяи Парламентии САҲА ва Ҷумҳурии Австрия, бахусус ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки яке аз абзорҳои муҳимми густариши робитаҳои дуҷониба ва тақвияти муколамаи созанда миёни кишварҳост, аҳаммияти хоса медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон аз нақш ва мақоми САҲА ёдовар шуда, ин созмонро ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон ном мебаранд.
Дар Тоҷикистон бузургтарин Дафтари САҲА дар минтақа, инчунин Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА (КМС) ҷойгир буда, беш аз 20 лоиҳа дар самтҳои гуногун амалӣ мешаванд.
Таъкид гардид, ки Гурӯҳи миллӣ - парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати кумитаҳои Ассамблеяи Парламентии САҲА иштироки доимӣ ва фаъоли худро таъмин менамояд.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои самарабахшро бо САҲА, Ассамблеяи Парламентии САҲА, Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон бо Шурои Миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия ва минтақаи Аврупо густариш медиҳад.