Рўзи 17 сентябри соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар консерти «Оркестри давлатии симфонӣ» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Венаи кишвари Австрия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Муинӣ Мавсума қайд намуд, ки консерти имрӯза ҳамчун армуғон аз ҷониби Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум ва тоҷикони муқими шаҳри Вена ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ бахшида мешавад.
Зикр гардид, ки муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 таъсис ёфтааст.
Репертуари оркестр аз асарҳои композиторони классику муосири тоҷик ва ҷаҳонӣ бой буда, дар худ ансамбли камеравӣ, оркестри эстрадӣ-симфонӣ, оркестри кӯдакон ва наврасонро муттаҳид намудааст.
Оркестри давлатии симфонӣ тӯли фаъолияти худ дар баробари сафарҳои дохили кишвар, инчунин ба давлатҳои хориҷ сафарҳои зиёди ҳунарӣ анҷом додааст.
Баргузории шоми фарҳангӣ бо иштироки санъаткорону мусиқинавозон - ромишгарони тоҷик нишонаи ҳамкории волои фарҳангӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дӯстии байни кишварҳову халқҳо мебошад.
Ҳамгироии фарҳангии тоҷик бо анъанаҳои волои мусиқии Аврупо намунаи возеҳи он аст, ки чӣ гуна арзишҳои мухталиф метавонанд якҷоя шуда, нерӯи созанда ва эҷодиро ба вуҷуд оваранд.