Тавре қаблан хабар дода будем, ҳайати Парламенти Иттиҳоди Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон бо роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчи дар кишвари мо сафари корӣ доранд. Дирӯз ҳайати меҳмонон таҳти роҳбаладӣ ва роҳнамоии узви Кумитаи ҳамкории парламентии Тоҷикистону – Аврупо, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулзода Маҳмадшоҳ ва раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон аз НБО Роғун дидан намуданд.
Бояд зикр намуд, ки бунёдгузори НБО Роғун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки тарҳи НБО Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 - уми асри XX ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 1976 оғоз гардидааст. НБО Роғун сохтмони бузурги аср мебошад, ки бо баландии 335 метр яке аз баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ агрегатҳои 1-2 –и НБО Роғун ба истифода дода шуд. Дар назар аст, ки агрегати сеюми НБО Роғун соли 2025 ба кор дароварда шавад.
Ҳайати меҳмононро меҳмоннавозӣ, боду ҳаво, гулистону чаманистон, манзараҳои дилфиреби ватани мо мафтун намуд, ки бо як қаноатмандӣ изҳор намуданд; зебоиҳои Тоҷикистонро дар дили худ мебарем.