Шодиён Муҳаммад- Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва Шерализода Муҳамадулло- Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар ҷаласаи Комисссияи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор, ки дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн аз 13 то 17 сентябри соли равон баргузор мегардад, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин: оид ба баррасии лоиҳаҳои Қатънома дар бораи таъсиси бозори энергетикии Осиё, оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, оид ба масъалаҳои молиявӣ, таъмини босубот барои рушди иқтисодӣ, дар бораи решакан кардани камбизоатӣ, дар бораи нақши парламентҳои Ассамблеяи парламенти Осиё дар дастгирии татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, дар бораи об ва санитария барои ҳама дар Осиё ва дар бораи ташаббуси молиявии иқлим дар Осиё пешниҳод гардиданд.
Шодиён Муҳаммад ва Шерализода Муҳамадулло дар ин ҷаласа дар бораи таъсиси бозори энергетикии Осиё ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баромад намуданд.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.