Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати вакилони Парламенти Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчи - Раиси ҳизби халқии Аврупо, ҳамраиси ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки аз дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ, хушбин ҳастем.
Қабули ду ҳуҷҷати стратегӣ Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СШҲ соли 2004) ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул гардид, равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро танзим намуда, таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро ба таври густурда таҳким мебахшад.
Дар ҳамин замина Харитаи роҳи таҳкими робитаҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2023 қабул гардид, ба ҷонноккунии шарикии судманди байниминтақавӣ дар арсаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикаву иқтисод ва робитаҳои байнимардумӣ равона шудааст.
Ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия назаррас мебошанд.
Муколама, ҷаласаҳои Шурои ҳамкорӣ, сафарҳои ҳайатҳо дар чорабиниҳои сатҳи баланд ва дигар шаклҳои дипломатияи байнипарламентӣ, бахусус абзорҳои мавҷуда дар рушди самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд.
Бахусус, ҷаласаҳои Кумитаи ҳамкорӣ, ки мунтазам баргузор мегарданд, аз ҷумла ҷаласаи 12-ум, ки имрӯз дар Тоҷикистон баргузор мегардад, метавонад барои пешрафти муносибатҳои тарафҳо такони ҷиддӣ бахшад.
Басо рамзӣ аст, ки дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи рӯз, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, муҳити зист, об, пайвастшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP ва GSP+, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ба вуқуъ мепайвандад.
Ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти маориф дар доираи барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+, ки барои ба ҳам овардани донишгоҳҳои Тоҷикистону Аврупо ва амалисозии барномаҳои таҳсиливу табодули донишҷӯён мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ гардиданд.
Дар чаҳорчӯби барномаҳои мушаххаси дуҷониба ва байниминтақавӣ дар роҳи пешгирии таҳдидҳо бошад, Иттиҳоди Аврупо аз соли 2003 инҷониб баҳри таъмини амнияти минтақавӣ якчанд лоиҳаро мувофиқи «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) амалӣ менамояд, ки мо барои ин ба Шумо вакилони муҳтарам сипосгузорем,-гуфт дар интиҳои суҳбат Файзалӣ Идизода.