Шодиён Муҳаммад инсони хоксор, нексиришт, донишманди асилу мумтоз аст. Ӯ ҳарчанд ба мансабҳои баланди вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дараҷаи баланди илмӣ - доктори илмҳои педагогӣ, профессор расида бошад ҳам, мактаби деҳаашро фаромӯш намекунад.
Устод Шодиён Муҳаммад аввали моҳи марти соли ҷорӣ, аснои боздид аз мактаби деҳааш пай бурд, ки муассиса танг буда, ба синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Ӯ аз паи хариди масолеҳи сохтмонӣ шуд. Лоиҳаи биноро омода карда, сохтмончиёни маҳалро ба кор ҷалб намуд. Дар муддати чор моҳ сохтмони бинои нав бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ба охир расид.
Шодиён Муҳаммад дар арафаи 34-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон - 9 сентябр бинои навро иборат аз чор синфхонаи барҳаво ба толибилмон ҳадя намуд. Аҳли деҳаи Гирдоби шаҳри Норак барои ин иқдоми шоиста ба устод Шодиён Муҳаммад арзи сипос намуданд.
Иқдоми шоистаи устод сазовори дастгириву пайравист.