Имрӯз мулоқоти аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон бо роҳбарии муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Ҷопон Ҳакимзода Шарифҷон бо роҳбари Корпоратсияи ҷопонии “Sansei Corporation” Наоки Шова баргузор гардид.
Зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон бар пояи эҳтирому эътимод ва боварии тарафайн асос ёфтаанд. Бо барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон барои ҳамкории минбаъда дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон дар ҳама соҳаҳо аҳаммияти хоса зоҳир менамоянд.
Робитаҳои байнипарламентии кишварҳоямон рӯз то рӯз таҳким ёфта истодаанд. Нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ гардид.