Имрӯз мулоқоти ҳайати гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Корея Гулзода Маҳмадшоҳ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея Ҷон Сонг Шик баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Корея шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ буда, муносибатҳои Тоҷикистону Корея бар пояи эҳтирому эътимод ва боварии тарафайн асос ёфтаанд.
Робитаҳои байнипарламентии кишварҳоямон баъд аз гуфтугӯи телефонии Сарони давлатҳоямон ба зинаи наву қавӣ баромад. Бо дар назар доштани нақши муҳимми гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Корея мо соли ҷорӣ баргузор намудани вохӯрии (онлойни)-маҷозиро бамаврид мешуморем, - гуфт Гулзода Маҳмадшоҳ.
Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар заминаи дуҷониба, Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ+Ҷумҳурии Корея” ва Анҷумани Раисони парламентҳои Осиёи Марказӣ ва Корея робитаҳои мустаҳками гуногунҷанба дорад.
Боиси тазаккур аст, ки ин муносибатҳо сол тол сол рушду густариш ёфта, ба таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла роҳу нақлиёт, технологияҳои рақамӣ, тиҷорату савдо, фарҳангу маънавиёт, инчунин ҳамкории байнипарламентӣ мусоидат менамоянд.