Рӯзҳои 3 - 5 сентябри соли равон Мавсума Муинӣ- муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зарафо Қиёмзода- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Конфронси солонаи минтақавии Форуми Парламентҳои Осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD), ки дар шаҳри Манила кишвари Филиппин баргузор гардид, иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ раисикунандаи гурӯҳи парламентии Кумитаи доимоамалкунада оид ба масъалаҳои иқлими Форуми Парламентҳои Осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) ҷаласаи 5-уми кори конференсияро дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба татбиқи Рӯзнома – 2030”
ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки масъалаи баррасишаванда дар рӯзномаи байналмилалӣ мавқеи марказӣ дорад, зеро тағйирёбии иқлим аллакай ба ҳаёти миллионҳо одамон, рушди иқтисодии давлатҳо, амнияти озуқаворӣ ва саломатии аҳолӣ таъсири мустақим дорад.
Мавсума Муинӣ аз дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим, ки нақши пешбарандаи кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд, сухан карда, Қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалии захираҳои об ва тағирёбии иқлим, ки дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 инъикос ёфтаанд, муаррифӣ намуд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об ҷонибдорӣ намуда, дар муборизаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти иқлим саҳм мегузорад. Бахусус, таъкид шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардид.
Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли 2024 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид якдилона Қатънома дар бораи эълони солҳои 2025-2034, соли "Даҳсолаи амал дар соҳаи илмҳои криосфера"-ро қабул намуд.
Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.