Маҳмудзода Насрулло - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бо сокинону интихобкунандагон дар шаҳри Конибодом, Ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Патар вохӯрӣ намуд. Дар вохӯриҳо…
Маҳмудзода Насрулло - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бо сокинону интихобкунандагон дар шаҳри Конибодом, Ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Патар вохӯрӣ намуд. Дар вохӯриҳо собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон, духтурон, омӯзгорон, ходимони дин ва ҷавонон иштирок намуданд.
Зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон Маҳмудзода Насрулло оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва бедор сохтани ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносӣ дар замири онҳо, қадр намудану пос доштани Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва дигар масъалаҳои муҳим ба интихобкунандагон маълумотҳои муфид пешниҳод намуд.
Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон дар шаҳри Конибодом низ амалҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза касб намудаанд. Симои шаҳр рӯз аз рӯз беҳтару зеботар ва дилфиребу дилработар мегардад.
Дар фарҷоми вохӯриҳо иштирокчиён ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мушкилотҳои дар маҳал ҷойдошта дархосту пешниҳодҳои худро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар иброз намуда, ба саволу пешниҳодҳои худ посух гирифтанд.