Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Каримзода Фарҳод бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Ҳаёти нав, Ѓулакандоз ва Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ намуд. Дар вохӯриҳо собиқадорон,…
Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Каримзода Фарҳод бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Ҳаёти нав, Ѓулакандоз ва Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ намуд. Дар вохӯриҳо собиқадорон, фаъолон, духтурон, омӯзгорон, ходимонти дин ва ҷавонон иштирок намуданд.
Зимни вохӯриҳо Каримзода Фарҳод оид ба самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунҳои қабулгардида ва нақши онҳо дар беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, инчунин ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии осоиштаи мардум ба ҳозирин маълумотҳои муфид манзур намуд.
Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои давлати тоҷикон – Тоҷикистони азиз ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинони бонангу номуси он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Баргузории мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон бори дигар аз он далолат менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои некуаҳволии зиндагии шоистаи мардуми кишвар таваҷҷуҳи хоса менамояд.
Дар интиҳои вохӯрӣ интихобкунандагон роҷеъ ба масъалаҳои матраҳшуда изҳори андеша намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.