Имрӯз вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Палдораки ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд. Зимни вохӯрӣ Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти қонунбарории…
Имрӯз вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Палдораки ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти қонунбарории Парламенти кишвар, ҷараёни баррасии лоиҳаҳои қонунҳо ва нақши онҳо дар беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҷанбаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ, аз ҷумла дастгирии соҳаи маориф, беҳдошти инфрасохтори иҷтимоӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи истиқлолӣ давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои рӯз ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид шуд, ки иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуди зиндагии мардум ва рушди деҳот равона шудаанд ва иҷрои онҳо аз саҳми фаъолонаи сокинон низ вобаста мебошад.
Зимни вохӯрӣ масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Зикр шуд, ки давлат барои беҳтар намудани шароитҳои хизмат ва баланд бардоштани сатҳи маънавию ҷисмонии сарбозон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Интихобкунандагон ба пешниҳоду дархост ва саволҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.