Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Мадина Бобоиён дар Ҷамоати деҳоти Навгилем, шаҳри Исфара бо интихобкунандагон мулоқот оростанд. Қайд гардид, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлати миллӣ ва густариши истиқлолияту озодӣ басо бузург аст.
Ҳадафҳои стратегии имрӯзаи миллӣ, ки таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро пешбинӣ менамояд, бори дигар собит месозанд, ки Пешвои муаззами миллат дар модели давлатсозии мо ҳадафҳоро аз рӯйи бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муайян менамоянд.
Вакилон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва дигар масъалаҳои рӯз ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд.
Зикр шуд, ки дар давоми иҷлосияи якуми даъвати ҳафтум 16 ҷаласаи Шуро ва 16 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар онҳо мутаносибан 236 қарор ва 104 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва қабулу тасдиқ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.