Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 -и ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насрулло бо собиқадорон, фаъолону интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, инчунин, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Меҳроҷи Абдулҳаким иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ вакил оид ба қонунҳои қабулгардида, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, татбиқи ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум суханронӣ намуд.
Мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон бори дигар аз он далолат менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои некуаҳволии зиндагии шоистаи мардуми кишвар таваҷҷуҳи хоса менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинону фаъолони ноҳия дар атрофи мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамчунин ба саволу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
Мулоқоти вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон тибқи ҷадвали тасдиқгардида идома дорад.