Имрӯз вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон дар ноҳияи Сангвор баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон дар бораи сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти ватан, рушди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риояи Ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва дигар масъалаҳои муҳим маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ф. Идизода аз ҷумла зикр намуд, ки дастуру супоришҳои Сарвари кишвар – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар тарбияи ҷавонон саҳм гирем, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигиро ба роҳ монем.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва фаъолони ин диёри зебоманзар дар иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳои дар назди худ гузошта азму талош намуда, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона минбаъд низ дар гул-гулшукуфии ватани азизамон саҳми сазовор мегузоранд.