Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии аъзои Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, Котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин дар вилояти Синхай ҷаноби У. Сяотсзюн мулоқот намуданд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин решаҳои таърихӣ дошта, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд ва мо хоҳони рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо ин кишвари дӯсту бародар мебошем, - гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шарикони стратегӣ буда, дар тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ин кишварҳои ҳамсоя нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин хеле назарас аст.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои моро ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, формати Чин-Осиёи Марказӣ ва дигар робитаҳои байниҳамдигари боз ҳам муттаҳид менамояд.
Имрӯз барои танзими ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 200 шартномаву созишномаҳо заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд овардаанд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳоямон, ки пайваста рушду густариш ёфта истодаанд, ба таҳкими муносибатҳо дар дигар самтҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт ва ғайра мусоидат хоҳанд намуд.