Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Али Ҳасан Зайналадин мудоқот намуданд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки ҳанӯз соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Фаластин муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, робитаҳо дар заминаи принсипҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ рушду тақвият меёбанд.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаластин давоми 33 сол, бахусус солҳои охир вусъати тоза ёфта, санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Фаластин баста шуданд, ки метавонанд барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд.
Маҷлиси намояндагон парламенти доимоамалкунандаи касбӣ аст, ки дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Аз ин рў, ба назари мо,- гуфт Ф. Идизода, - табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ метавонад мусоидат намояд.
Фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин барои ҳамоҳанг намудани робитаҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Маҷлиси намояндагон хоҳони густариши ҳамкориҳо бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин буда, ҷиҳати ба роҳ мондани муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ ҷаҳду талош хоҳад намуд.