Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аймурод Қочмуродовро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот Ф. Идизода зикр намуд, ки Туркменистон аз…
Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аймурод Қочмуродовро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Ф. Идизода зикр намуд, ки Туркменистон аз соли 1993 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои кишварҳоямонро зиёда аз 138 санади ҳуқуқӣ дар бар мегирад.
Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллии Туркманистон Гурбонгули Бердимухамедов ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба тадриҷ вусъат меёбанд.
Ба истифода дода шудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумкули Фрагӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон самар аз сиёсати созандаи Сарони кишварҳоямон ва дӯстиву бародарии абадии халқҳоямон мебошад.
Шарикии стратегӣ ба мо имкон фароҳам меорад, ки дар доираи созмонҳо ва платформаҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, Осиёи марказӣ-Чин, Осиёи марказӣ-Ҳиндустон, Осиёи марказӣ-Ҷопон, Осиёи марказӣ-Корея ва ғайра мақеи ягона дошта бошем.
Ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Туркманистон имкон медиҳад, ки бо ҳам табодули таҷриба намоем, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавиву байналмилалӣ мавқеу назари муайян дошта бошем, ташаббусҳои созандаи ҳамдигарро дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намоем.
Маҷлиси намояндагон бо Халқ Маслаҳати Милли Генгеш Туркманистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст, ки фаъолияти босамару бомаром дорад.
Маҷлиси намояндагон минбаъд низ барои рушди муносибатҳо дар платформаи механизмҳои ҳамкорӣ, бахусус, хамкориҳои байнипарламентӣ дар чаҳорчӯби фаъолияти Иттиҳоди байнипарламентӣ ва гурӯҳи дӯстӣ ҷаҳду талоши созанда хоҳад намуд.