Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона ба муносибати 28-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода баромад…
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона ба муносибати 28-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода баромад намуда, иброз кард, ки «Ҷашни Ваҳдати миллӣ воқеан дастоварди беназири миллати тоҷик аст, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.
Дар он даврони мудҳиши ҷанги таҳмилӣ маҳз Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат тавонистанд ба ҳайси Пешвои воқеӣ бо роҳнамоӣ ва ташаббусҳои дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинона роҳандозишуда миллати тоҷикро сарҷамъ созанд ва онро аз вартаи нестӣ раҳо созанд».
Сипас, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ба сухан баромада изҳор дошт, ки “Падидаи ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии кишвар маҳсуб мешавад. Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи осон набуд, балки натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаи Роҳбари хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рукни асосии эҳёи давлат ва пойдории ҷомеа, балки як арзиши волои маънавӣ ва сиёсӣ гардид, ки тавассути он фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолгароии ҷомеа таҳким ёфт. Имрӯз бо сари баланд гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, ки он ба заҳмату фаъолияти содиқонаву фарзандонаи Пешвои хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвасти ногусастанӣ дорад”.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Саидзода Фирдавс дар баромади худ қайд намуд, ки: “Роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар шароити печидаи муноқишаҳои дохилӣ дар раъси давлати Тоҷикистон шахсияте қарор гирифт, ки тавонист бо шуҷоату мардонагӣ, сиёсати хирадмандона халқи тоҷикро аз коми оташ бираҳонад ва аз вартаи нобудӣ берун кашад. Ин шахс фарзанди фарзона ва наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарнавишт бар шонаҳои ин фарзанди баруманду фозили миллат, ояндаи давлати миллӣ - давлати тоҷиконро таҳрезӣ намуд ва ба сўи аҳдофи умумимиллӣ, сулҳу суббот, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва Ваҳдату ҳамбастагӣ қадамҳои нахустин устуворона гузошта шуд”.