Имрўз ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода даъвати Раиси Палатаи обшини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Линдси Ҳойлро пазируфта, ба шаҳри Лондон барои иштирок дар мулоқоти ҳайатҳои парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи обшини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафар намуд.Ба ҳайати парламентӣ М. Гулзода - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, К. Шамшерзода - узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Д. Саидӣ - узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва Ф. Маҳмадшозода - сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.
Дар назар аст, ки зимни сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати воломақоми Палатаи обшини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқоту вохўриҳо анҷом дода, роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ баррасӣ шавад.