Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз мизи мудаввар дар мавзуи “Равандҳои татбиқи энергияи сабз дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор”(дар самтҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт)…
Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз мизи мудаввар дар мавзуи “Равандҳои татбиқи энергияи сабз дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор”(дар самтҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт) баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи кории Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар доираи амалишавии Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 бахшида шуда, вобаста ба равандҳои татбиқи энергияи сабз дар самтҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт, ҳолат ва дурнамои истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои мавҷуда ва баррасии унсурҳои ҳамкориҳои вазорату идораҳо барои эҷоди заминаи устувор ҷиҳати татбиқи равандҳои энергияи “сабз” дар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору босифати иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Зикр шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, неруи барқ дар кишвар асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад. Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла муқовимат бо тағйирёбии иқлим ва таъмини дастрасии умум ба манбаҳои неруи арзон ва боэътимод “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2028” роҳандозӣ гардида истодааст. Вобаста ба ин, сохтмони бино ва иншооти аз лиҳози энергия самаранок ва дар умум бунёди шаҳрҳои “сабз” муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло дар мавзуи «Гузариш ба иқтисоди сабз – омили муҳимми таъмини Ҳадафҳои рушди устувор», муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед дар мавзуи «Иқдомҳои Тоҷикистон дар роҳи гузариш ба энергияи сабз», муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста дар мавзуи «Равандҳои татбиқи энергияи сабз дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор», муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Улуғбек дар мавзуи «Сохтмони шаҳри “сабз” дар замони муосир» баромад намуданд. Дар чорабинӣ аъзоёни Комиссияи экологӣ ва намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.