Дар маҷлиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала “ Оид ба нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, раванди Душанбе-2025 дар ташаккули баҳамоии давлатҳо ва тақвияти ҳамкории…
Дар маҷлиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала “Оид ба нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, раванди Душанбе-2025 дар ташаккули баҳамоии давлатҳо ва тақвияти ҳамкории глобалӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” баррасӣ гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар шароити зудтағйирёбандаи замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори таҳдиду низоъҳои дорои характери гуногун ва мушкилоти зиёд гардидааст, ки яке аз онҳо падидаи номатлуби тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири манфии он ба захираҳои табиӣ мебошад.
Вазъи имрӯза нишон медиҳад, ки таъсири таѓйирёбии иқлим дар сайёраи замин раванди ташаккулу пешрафти кишварҳои ҷаҳонро ба мушкилоти моҳиятан ҳам ҷиддию воқеӣ рӯ ба рӯ намудааст.
Тайи чанд соли охир хатарҳои экологӣ, аз қабили таѓйирёбии иқлим, ифлосшавии ҳавои атмосфера, тамоюли афзуншавии партовҳо, аз меъёр зиёд ихроҷ намудани аэрозолҳо, деградатсияшавӣ ва коҳишёбии пиряхҳо, мушкилоти рӯзафзуни демографӣ, норасоии оби нўшокӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб хусусияти глобалӣ касб намуда, таъсири манфии онҳо дар ҳамаи кишварҳои сайёра ба назар мерасад.
Ҳарчанд як қатор давлатҳои рў ба инкишоф, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ифлос кардани ҳавои атмосфера ва аз меъёр зиёд хориҷ намудани газҳои гулхонаӣ ҳиссаи ночиз доранд, вале таъсири манфии хатарҳои глобалии экологӣ дар ҳудуди онҳо баръало эҳсос мегардад.
Дигар аз пайомади тағйирёбии глобалии иқлим, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст - ин обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасеро тақозо менамояд, ки дар он шароити хоси экологӣ ва мавқеи ҷуғрофии ҳар як кишвар бояд ба инобат гирифта шаванд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» оид ба масъалаи мубрами ҷаҳонӣ, яъне обшавии босуръати пиряхҳо, чунин иброз намуда буданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намоям. Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад. Тайи чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст».
Ҷоиз ба қайд аст, ки қабул гардидани Эъломияи Душанбе давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои манфиатдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд. Қабули ин ҳуҷҷати моҳиятан таърихӣ кишварҳои аъзоро водор месозад, ки ба коҳишёбии босуръати пиряхҳо диққати ҷиддӣ дода, барои ҳифзи онҳо талошҳои муштарак варзанд.