Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парламентии СААД, кори худро таҳти раёсати раиси Думаи давлатӣ, раиси Ассамблеяи парламентии СААД Вячеслав Володин оғоз намуд. Қабл аз оғози ҳамоиш роҳбарони ҳайатҳои иштирокчиёни ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парламентии СААД бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, инчунин, ҳифзи хотираи таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар назди иштирокчиёни ҷаласаи сайёри Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баромад намуда, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир мустақилона мубориза бурдан бо тамоми чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ барои давлатҳо душвор аст.Ҳалли самарабахши масъалаҳои таъмини амнияти ҷахон дурандешии сиёсӣ, хамраъйӣ, ҷидду ҷаҳди якҷояи тамоми аҳли ҷомеаи ҷахонро талаб мекунад.
Имрӯз Ассамблеяи парламентӣ ҳамчун як ҳалқаи муҳимми ҳамоҳангсоз дар ташаккули ҷанбаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти низоми амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви СААД баромад мекунад.
Он ҳамчун як платформаи муассир барои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда барои таъмини амният ва ба ҳам наздик кардани системаҳои ҳуқуқии миллӣ дар соҳаи мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир хизмат мекунад.
Итминон дорам, ки вохӯрии имрӯза, ҳамчунин, натиҷаҳои ҷаласаи Шуро дар маҷмуъ ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкории кишварҳои узви СААД дар ин самт мусоидат хоҳад кард.