Ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон яке аз омилҳои асосии татбиқи самарабахши сиёсати андозу буҷет буда, дар баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ нақши муҳим дорад. Ин раванд дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ зарур мебошад. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд [1].
Зеро маҳз маърифати молиявӣ, ки маънои тавоноии шаҳрвандон дар идоракунии маблағҳо ва дарки низоми молиявиро дорад, дар заминаи фарҳанги андозсупорӣ - яъне муносибати софдилона ба иҷрои уҳдадориҳои пулӣ, устувории ҷомеаро таъмин менамояд. Ин ду мафҳум робитаи мустақим доранд, чунки андоз сарчашмаи асосии даромадҳои буҷети давлатӣ буда, пайдоиши он бо ташаккули давлат алоқаманд аст.
Аз ин ҷост, ки дар адабиёти илмиву таълимӣ андозро ҳамчун яке аз нишонаҳои асосӣ ва ҳатмии давлат меҳисобанд. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки вобаста ба муқаррар кардан ва ситонидани андозҳо ба вуҷуд меоянд, тавассути меъёрҳои ҳуқуқи андоз (зерсоҳаи ҳуқуқи молиявӣ) танзим мешаванд. Ин меъёрҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногун ифода ёфта, се элементи таркибиро дар бар мегиранд:
1.Гипотеза - дар шакли умумиҳатмӣ ва маҷбурӣ будани андозҳо, ҳангоми гирифтани даромади муайян фоида, соҳиб шудани молу мулке, ки қисми меъёри ҳуқуқ буда, категорияи шахсонеро муайян менамояд, ки меъёри ҳуқуқӣ ба онҳо равона карда шудааст, инчунин ҳолате, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо вай татбиқ карда мешавад, ифода меёбад.
2.Диспозитсия - қисми меъёри ҳуқуқ мебошад, ки дар он нишондоди муқараркардаи давлат ифода меёбад. ин қоида он вақт амал мекунад, ки агар шартҳои дар гипотезаи меъёри андоз буда ба вуҷуд оянд.
3. Санксия - қисми сеюми меъёри ҳуқуқи андоз мебошад, ки дар он оқибатҳои номусоиде пешбинӣ гардидаанд, ки ҳатман ба миён меоянд, агар андозсупоранда нишондоди меъёрро вайрон намояд (ҷарима пардохт менамояд).
Маҷмӯи ин меъёрҳои ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқии муносибатҳои андозиро ташкил дода, ҷараёни амалишавии онҳоро таъмин менамоянд.
Ҳаминтавр муносибатҳои ҳуқуқии андоз гуфта муносибатҳои ҷамъиятии молиявӣ фаҳмида мешавад, ки вобаста ба муқарар намудан, ҷорӣ кардан ва ситонидани андозу боҷҳо ба низоми буҷетӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз, ҳангоми вайрон кардани қонунгузории андоз ба вуҷуд омада, тавассути меъёрҳои ҳуқуқи андоз ба танзим дароварда мешаванд.
Маҳз баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ имкон медиҳад, ки иштирокчиёни ин муносибатҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дуруст дарк намуда, дар доираи фарҳанги андозсупорӣ ба иҷрои ихтиёрии талаботи қонунгузорӣ мусоидат намояд.
Дар ин замина қонунгузории андоз муайян менамояд, ки ҳангоми муайян намудани андозҳо бояд ҳамаи унсурҳои андозбандӣ, манбаи андоз; меъёри андоз; давраи андоз; тартиби ҳисоб кардани андоз; тартиб ва мӯҳлати пардохти андоз; дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва асосҳо барои ба даст овардани (истифодаи) онҳо аз ҷониби андозсупоранда муайян карда мешавад.
Андозсупорандагон шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки ба зимаашон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, андозсупоранда эътироф мешавад. Мувофиқи тартиби муқараршудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ уҳдадориҳои ин шахсонро оид ба пардохти андозҳо дар маҳали ҷойгиршавии ин воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ иҷро менамоянд [2].
Муносибати ҷомеа ба андоз дар фарҳанги андозии онҳо ифода меёбад, ки ба дарки зарурати объективии андозбандӣ ва муносибати онҳо ба пардохти андоз асос ёфтааст. сатҳи баланди фарҳанги андоз гарави рушди бомуваффақ ва шукуфоии давлат ба ҳисоб меравад.
Яке аз воситаҳои муассири афзоиши воридоти андоз ба буҷети давлатӣ механизми амалисозии маҷмуи тадбирҳо дар самти ташаккули муҳити созгори рушди низоми андоз мебошад, ки маҷмуи ниҳодҳои қонунгузорӣ, иқтисодиву фарҳангиро дар бар мегирад. Ҳамин тариқ, ташаккули фарҳанги андози андозсупорандагон, ки асоси онро риояи ихтиёрии қонунгузории андоз ташкил медиҳад, душвор ба назар мерасад. Фарҳанги андоз аз дарки муҳиммияти пардохти андоз барои давлат ва ҷомеа (ҳамчун ҷузъи фарҳанги сиёсӣ) ва ҳуқуқу ӯҳдадории худро донистани шаҳрвандон (ҳамчун ҷузъи фарҳанги ҳуқуқӣ) иборат аст, ки дар маҷмуъ фарҳанги андозро ташкил медиҳад. Баланд бардоштани маърифати андозӣ ва фарҳанги андози иштирокдорони муносибатҳои андозӣ бидуни дарки он ки андозсупоранда шарики давлат мебошад, ғайриимкон аст.
Дар ташаккули фарҳанги андоз муносибати боэҳтиром ба мушкилоти андозсупоранда омили муҳим ба ҳисоб меравад аз ин ҷост, ки самтҳои зерини рушди самарабахши фарҳанги андоз ба мақсад мувофиқ ба назар мерасанд:
1.Байни қишри васеи аҳолии кишвар баланд бардоштани эътимод ва аҳаммияти иқтисодии фаъолияти мақомоти андоз ҳамчун яке аз сохторҳои муҳим ва ояндадори давлатӣ.
2.Тақвият додани кори нозирони минтақавии мақомоти андоз дар маҳалҳои таҳти назорати онҳо ҷиҳати аниқ намудани маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии андозсупорандагон, мавҷуд будани объектҳои андозбандӣ, инчунин ошкор сохтани шаҳрвандони машғул ба соҳибкории ғайриқонунӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ва ғайра.
3.Ҳавасмандгардонии пардохти ихтиёрии андоз бо ёрии усулҳои иқтисодии маъмурӣ ва психологӣ. баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андози ҳамаи иштирокдорони истеҳсолоти андозӣ бидуни истисно муносибатро нисбат ба аксари танзимгарони андоз тағйир медиҳад. Аз он ҷумла, усули муносибгардонии андозӣ ҳамчун усули аз ҷиҳати методологӣ муҳим барои андозсупоранда набояд аз ҷониби кормандони мақомоти андоз кирдори зиддиҳуқуқӣ арзёбӣ ва аҳдҳои хоҷагие, ки бо мақсади муносибгардонии андозӣ дар доираи қонун баста шудаанд, беасос дониста шаванд.
4.Таҳияи стратегияи ташаккули фарҳанги андоз. набудани консепсияҳои мақсаднок оид ба баланд бардоштани маърифати андозӣ ва ташаккули фарҳанги андозӣ дар байни аҳолӣ боиси он гардид, ки истифодаи усулҳои мураккаби канорагирӣ аз андозбандӣ аз ҷониби андозсупорандагон ҳамчун қаҳрамонӣ арзёбӣ карда мешавад. Баланд бардоштани фарҳанги андозӣ бояд як стратегияи муайянро пешбинӣ кунад.
Ҳамоҳангсозии муносиби манфиатҳои давлат ва андозсупорандагон, ки ба барпо намудани муносибатҳои шариконаи миёни онҳо равона шудааст, заминаи мустаҳками фарҳанги андозро ташкил медиҳад. Он нукта ҷолиб аст, ки дар амалия муносибатҳои шарикона дар соҳаи андоз аз назари баъзе муҳаққиқон комилан ғайриодӣ мебошад. Давлат дар шахси мақомоти андоз бо истифода аз механизмҳои гуногуни пардохти иҷбории андоз ҳама гуна норозигии андозсупорандагонро аз ҳисоби бартарии қудрат пахш менамояд. Барои мақомоти андоз чунин равиш ҳалли нисбатан муваффақонаи масъалаи ҷамъоварии андозро таъмин менамояд [3].
Бояд қайд намуд, ки давлат аз ҳокимияти сиёсии худ истифода бурда, баҳри таъмини молиякунонии буҷетӣ, пардохти андозро барои ҳамаи андозсупорандагон ҳатмӣ гардонида, онро инфиродии ғайриэквивалентӣ (беподош) эълон менамояд. Андозсупоранда маблағи андозро супурда, аз он ба таври доимӣ маҳрум мемонад ва ҳақ надорад, ки баргардонидани онро талаб намояд. Дар навбати худ давлат ҳам ӯҳдадор нест, ки маблағи дар шакли андоз гирифтаашро ба андозсупоранда баргардонида диҳад [4].
Ҳаминтавр ташаккули додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ омили калидии устувории иқтисодӣ мебошад, зеро андоз сарчашмаи асосии буҷет ва нишонаи ҳатмии давлатдорӣ ба шумор меравад. Дарки дурусти унсурҳои андозбандӣ заминаи муносибатҳои шариконаро фароҳам меорад ва кафолат медиҳад, ки муносибатҳои ҳуқуқии андоз дар доираи қонун ва масъулияти баланд иҷро гарданд.
МИРЗОЗОДА МЕҲРИДДИН САЙФИДДИН
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда: