30-июни соли 2026 дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ омили рушди давлати ҳуқуқбунёд” баргузор гардид.
Дар форум намояндаҳои мақомоти давлатӣ муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон бидуни ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ғайриимкон мебошад.
Дар Форум таъкид шуд, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон, бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардида, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудааст.
Иштирокчиёни форум баргузории ҳамоиши мазкурро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои он барои таҳияи пешниҳодҳои амалӣ, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба ҳамаи иштирокдорон барои саҳмгузорӣ дар баррасии масъалаҳои муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ изҳори сипос баён гардид.