10 июли соли 2026, соати 8:00 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузорӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 21 хабарнигор аз 18 ташкилоту муаасисаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла телевизионҳои, “Сафина”, “Ҷаҳонаннамо”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Синамо” радиоҳои “Ховар”, “Садои Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Овози Тоҷик” ва “Ҳамсадо” нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Минабари халқ”, “Мароми пойтахт” “Халқ овози”, “Омӯзгор” ва “Истиқлол” ширкат доштанд.
Зимни нишаст аз ҷониби роҳбарияти Марказ оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 ба хабарнигорон гузориш пешниҳод гардид.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти Марказ дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ, экспертизаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ дар самти замин, баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ савол манзур намуданд.
Роҳбарияти Марказ ба саволҳои пешниҳодгардида, посухҳои мушаххас манзур намуданд.