17-уми марти соли 2026 онлайн-вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Котиботи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ вобаста ба дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ аз 11-уми ноябри соли 2025 суханронӣ намуд. Ба намояндагони Котибот маълумоти муфассал дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Марказ, нақши он дар раванди қонунгузорӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пешниҳод карда шуд.
Ҷонибҳо ба баррасии самтҳои калидии шарикӣ ва муайян намудани нақшаҳои афзалиятнок барои дурнамои дарозмуддат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Иштирокчиёни муколама доир ба масъалаҳои мубрами ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ва таъминоти ҳуқуқии равандҳои интегратсионӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон тарафҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳо ва семинарҳои муштарак, инчунин таҳияи маводҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ изҳор намуданд.