Дар ҳар давру замон тақдири миллат ба насли ҷавон вобастагӣ дорад. Ҷавонон нерӯе мебошанд, ки ояндаи давлатро месозанд ва арзишҳои миллиро ба наслҳои баъдӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, худогоҳии миллӣ дар зеҳну тафаккури ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, соҳиб шудан ба илму маърифат ва касбу ҳунар нишонаи талошҳои ҷавонон дар роҳи пешбурди зиндагии орому осоишта дар ҷомеаи солим, обод ва озоди Тоҷикистони азиз мебошад Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки самти асосии пешбурди ҷомеаи солим дар тамоми давру замонҳо ин қувваи асосии пешбарандаи, ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор доштан аз марзу буми аҷдодӣ қарзи аввалиндарачаи хонаводагӣ буда, ҳар фарзанди бо ноз дар ин руҳия тарбия намудаи хонавода, такягоҳи сиёсат ва фарҳанги миллату давлат дар оянда хоҳад гашт
Худогоҳии миллӣ маънои дарк кардани тааллуқ ба миллат, эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллиро дорад. Ҷавоне, ки худогоҳ аст, аз гузаштагони худ ифтихор мекунад, забони модариро пос медорад ва худро масъули сарнавишти Ватан мешуморад. Маҳз чунин ҷавонон метавонанд миллатро аз гум кардани ҳувият ҳифз намоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта мешаванд, нақши ҷавонон боз ҳам муҳим мегардад. Агар ҷавон худогоҳии миллӣ надошта бошад, эҳтимол дорад, ки арзишҳои бегона ҷойи арзишҳои миллиро гиранд. Аз ин рӯ, омӯзиши таърих, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ бояд ҷузъи ҷудонопазири тарбияи ҷавонон бошад.
Ҷавонони худогоҳ на танҳо сухан мегӯянд, балки бо амал нишон медиҳанд, ки ватандӯст ҳастанд. Онҳо бо илмомузӣ, меҳнати содиқона, риояи қонун ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа ба рушди давлат саҳм мегузоранд. Ватандӯстӣ барои ҷавон танҳо эҳсос нест, балки масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Президенти маҳбуби кишвар ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо онҳо вохӯриҳои мунтазам баргузор мекунанд. Дар ҷараёни чунин мулоқотҳо кӯшишу ғайрати ҷавонони тоҷикро ҷиҳати бунёди давлати озоду демократӣ ва дунявӣ, ҳамчунин ҳифзи марзу буми ниёгон дар гузашта ва имрӯз мавриди таъкид қарор медиҳанд. Сарвари давлат рисолати ҳар як ҷавони бо нангу ори тоҷикро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва таърихи пурғановати гузаштагон муҳим шуморида, таъкид менамоянд, ки ояндаи дурахшони кишвари азизамон дар дасти ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва бо нангу ори сарзамини аҷдодӣ қарор дорад.
Ҳамин тавр дар ташаккули худогоҳии миллӣ оила, мактаб ва ҷомеа нақши муҳим доранд. Агар ҷавонон дар муҳите ба воя расанд, ки дар он арзишҳои миллӣ гиромӣ дошта мешаванд, онҳо низ шахсиятҳои худогоҳ ва ватандӯст ба камол мерасанд.
Ҷавонон нерӯи асосии худогоҳии миллӣ ба шумор мераванд, зеро маҳз онҳо арзишҳои таърихӣ, забон ва фарҳанги миллатро идома медиҳанд. Худшиносии миллӣ аз дарки ҳувият оғоз меёбад ва онҳо бояд амиқ дарк намояд, ки ба кадом миллат тааллуқ дорад. Дар ин замина, гуфтаҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» бар он таъкид менамоянд, ки ҳувияти миллӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба Ватан асоси худогоҳии солим ва пойдори ҷавонон мебошад.
Умуман, сиёсати ҷавонону масъалаҳои ба онҳо алоқаманд дар радифи муҳимтарин масъалаҳои давлатдории кишвари азизамон қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳо андешида мешавад.
Зеро, маҳз ҷавонони ифтихори миллӣ дошта, худогоҳу худшинос пешбаранда ва муаррификунандаи асосии кишвари азизамон шуда метавонанд ва ба рушду нумӯӣ тамоми соҳаҳо дар ватан мусоидат карда менамоянд. Маҳз барои ҳамин ҳам ҷавонон ва умуман ҳар фарди ватандӯст барои аз худ намудани илмҳои диниву дунявӣ огоҳ бояд бошанд, аз ҷумла илмҳои дақиқ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, кашф намудани ихтирооти нав ба нави замонавӣ, кушин намоянд ва ба қадри озодиву ободии ватани маҳбуб, неъматҳои истиқлолият бирасанд.
Шукронаи тинҷиву оромиву ободии кишвари азизамонро дошта бошанд
Ояндаи миллат аз сатҳи дониш, фарҳанг ва худшиносии онҳо вобаста аст. Ҷомеае, ки ҷавонони худогоҳ дорад, ҳамеша устувор, пешрафта ва соҳибистиқлол боқӣ мемонад.
Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик бар он боварам, ки худогоҳии миллӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон, аҳамияти ниҳоят калон дорад. Миллате, ки ҷавононаш таърих, забон ва фарҳанги худро мешиносанд, ояндаи устувор дорад. Худшиносӣ аз дарки ҳувият оғоз мешавад ва ҳар ҷавон бояд бидонад, ки решааш аз куҷост.
Барои ман муҳим аст, ки пеш аз ҳама худро фарзанди миллати тоҷик эҳсос намоям. Аз ҳамин хотир, ман бо ифтихор мегӯям: “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон” Ин гуфта маънои онро надорад, ки ман ба арзишҳои динӣ эҳтиром надорам, балки таъкид бар он аст, ки ҳувияти миллӣ, забони модарӣ ва эҳсоси ватандорӣ пояи асосии шахсияти ман мебошанд.
Мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулияти бузург буда, аз мо худшиносӣ, соҳибмаърифатӣ ва ватандӯстиро талаб менамояд. Дар ин сурат мо метавонем ватандӯст бошем ва дар пешрафти кишвари худ саҳми арзанда гузорем.
Шарипова Фараҳноз Ҷамшедовна
Мутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ