20-уми феврали соли 2026 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 2 нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки 24-уми декабри соли 2020 аз ҷониби Директори Марказ тасдиқ гардидааст, мизи мудаввари дохилиидоравӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳифзи забони модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии фарҳангҳо» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директори Марказ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдуллозода Парвиз Саъдулло ифтитоҳ бахшида, доир ба нақш ва аҳаммияти таҷлили «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи мизи мудаввар аз ҷониби кормандони Марказ вобаста ба мавзуъҳои саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ, масъалаҳои мубрами рушди забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва нақши ниҳодҳои байналмилалӣ дар ин самт, ҳадафҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди забони миллӣ баромадҳо анҷом дода шуд.
Дар охир, чорабинӣ бо музокираи кормандон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ҷамъбаст гардид.