Дар заминаи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2025, №26/10-465 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузорӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои…
Дар заминаи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2025, №26/10-465 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузорӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 17 хабарнигор аз 17 ташкилоту муаасисаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла телевизионҳои “Ҷаҳонаннамо” ва “Сафина”, радиоҳои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Ховар” ва нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои Мардум”, “Омӯзгор”, “Халқ овозӣ” ва “Мароми Пойтахт” ширкат доштанд.
Зимни нишаст аз ҷониби роҳбарияти Марказ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2025 ба хабарнигорон гузориши мухтасар пешниҳод гардид.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти Марказ дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ, экспертизаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тафсири санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла тафсири илмӣ-оммавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби гузаронидани машваратҳои оммавӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ саволҳои худро манзур намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.