«Мо бояд барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва муҳофизати ҳуқуқи онҳо аз ҳама гуна таҳдид, аз ҷумла савдои одамон, чораҳои қатъӣ андешем.»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Савдои одамон ҳамчун шакли муосири ғуломӣ ва ҷинояти фаромиллӣ ҳуқуқҳои асосии инсонро поймол карда, муборизаи муштараки давлатҳоро тақозо мекунад. Таъмини дахлнопазирии шахс ва озодии инсон дар ҷомеаи муосир арзиши олӣ буда, муқовимат ба ин падидаи номатлуб таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамояд.
Савдои одамон зуҳуроти номатлуби бисёрҷанба ва хеле мураккаб буда, ба муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа зарар мерасонад. Қурбонӣ аз савдои одамон зарари бениҳоят зиёди моддӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ мебинад, бинобар ин дар шароити кунунӣ муқовимат ба савдои одамон чун ҷинояти нангину таҳқиркунандаи шаъну эътибори инсон, яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлат буда, талаб менамояд, ки ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аъзои ҷомеа ба ин кирдори номатлуб муборизаи оштинопазир баранд.
Дар самти муқовимат бар ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҷараёни такмил қарор дорад. Ҳанӯз 15 декабри соли 2000 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои иловагии он, аз ҷумла Протокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он ва Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво имзо ва 29 майи соли 2002, №645 тасдиқ гардид. Дар баробари ин, аз ҷониби Тоҷикистон 26 декабри соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва 5 августи соли 2002 Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва порнографияи кӯдакона дахл дорад ба тасвиб расид.
Дар бораи фаъолияти вобаста ба муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 2003 сухан бигӯйем арзанда аст, зеро дар ҳамин давра ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 1301 («Хариду фурӯши одамон») илова карда шуд. Иқдоми дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҳия гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004, №47 буд. Қонуни номбурда асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии низоми мубориза ба муқобили савдои одамон, вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони савдои одамонро муайян намуда, аз муқаддима, 7 боб ва 24 модда иборат буд. Ҳанӯз баҳри амалӣ намудани меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2005 аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи байниидоравӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Бо мақсади таҳким бахшидани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, инчунин, барои муайян намудани низоми чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кӯмак ба қурбониёни (ҷабрдидагони) савдои одамон ва тавонбахшии онҳо, ҷиҳати ҳамаҷониба ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014, №1096 дар таҳрири нав қабул шуд, ки аз 9 бобу 48 модда иборат буда, мавриди амал қарор дорад. Инчунин, дар кишвар Стратегияи миллии муқовимат ба савдои одамон амал мекунад, ки ҳамоҳангии миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин менамояд.
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014, № 1096, «савдои одамон - хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, дар бар мегирад».
Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон яке аз самти муҳими сиёсати давлат дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, дар навбати худ яке аз самти сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Тибқи Қонуни дар боло зикршуда, сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ба принсипҳои ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони аз савдои одамон зарардида, роҳ надодан ба табъизи қурбониёни савдои одамон, муносибати фардӣ, таъмини дастрасии озод ва ройгони қурбониёни савдои одамон ба адолати судӣ, махфиёна будани иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ва наздикони онҳо ва ғайра асос ёфтааст.
Бо мақсади иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидакни кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, № 403 тасдиқ карда шудааст, ки масъалаҳои гуногуни муқовимати давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро ба танзим дароварда, он сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамонро муайян менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба ба қурбониёни савдои одамон» бо мақсади расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон таъсиси муассисаҳои махсуси давлатиро дар ин самт пешбинӣ намудааст (м. 30). Муассисаҳо оид ба расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон метавонанд ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ бошанд.
Дар асоси Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлати уҳдадор аст, ки аризаи шахсро дар хусуси қурбонии савдои одамон эътироф гардиданаш қабул намуда, дар давоми 24 соат ҷиҳати ба таври ройгон ба ӯ пешниҳод намудани маҷмӯи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад.
Субъекти татбиқкунандаи сиёстат дар самти муқовимат ба савдои одамон ва пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба ин категория дар сохтори Вазорати тандурустӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» мебошад. Ҳамзамон, тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ ва тавассути маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ Ташкилоти ҷамъиятии «Фемида» низ дар самти тадбиқи сандаҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида бо мақсади хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла иҷтимоии равонӣ ва иҷтимоии ҳуқуқӣ ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ҳамин тавр, одамрабоӣ як ҷинояти бераҳмона ва хатарнок аст, ки ҳуқуқ ва озодии инсонро зери хатар мегузорад. Барои решакан кардани ин амал ҳамкории ҷомеа, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум зарур аст. Танҳо бо истифодаи чораҳои ҳамешагӣ ва омодагии ҷомеа метавон аз паҳншавии ин кирдор пешгирӣ кард.
Дар шароити ҷаҳони муосир савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини фаромиллӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол намуда, ба суботу амнияти ҷомеа таҳдид мекунад. Имрӯз зарур аст, ки ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияҳои ҳудудӣ боз ҳам тақвият ёбад. Танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак метавонем бар зидди савдои одамон муборизаи муассир ба роҳ монем. Омӯзиш ва таҳлили масъалаи муқовимат ба савдои одамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими амнияти миллӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамчун мутахассиси ҷавон, дар ин назарам, ки муқовимат ба савдои одамон пеш аз ҳама мубориза барои ҳифзи шаъну шарафи инсон аст. Агар мо дар қалби ҳар як ҷавон эҳсоси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба қонунро тарбия намоем, ҷомеаи мо аз чунин таҳдидҳо эмин хоҳад монд.
Арабҷонов Шодимурод Арабҷонович – сармутахассиси шуъбаи
қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ
ва оилавии Маркази миллии қонунгузорӣ