16 июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва пас аз қабули он ба қонун имзо гузоштанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яке аз зуҳуроти муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ва инсондӯстона ба ҳисоб меравад. Авф ҳамчун институти муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҷиноятӣ на танҳо воситаи татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошад, балки заминаи мусоидро барои ислоҳи шахсони ҷиноятсодирнамуда, барқарорсозии робитаҳои иҷтимоии онҳо ва бозгашташон ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа фароҳам меорад.
Аз нигоҳи илмии ҳуқуқшиносӣ, авф яке аз шаклҳои гуманизатсияи сиёсати ҷазодиҳӣ буда, ба давлат имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини адолати судӣ, принсипи инсондустиро амалӣ созад. Моҳияти чунин санади ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки нисбат ба гурӯҳи муайяни шахсон сабукиҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ мегардад ва онҳо имконият пайдо менамоянд ба муҳити солими иҷтимоӣ ворид шаванд.
Қонуни авф аҳаммияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявӣ низ дорад. Аз як ҷониб, он далели возеҳи таваҷҷуҳи давлат ба шаъну шарафи инсон ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Аз ҷониби дигар, ин санад ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, паст намудани шиддати иҷтимоӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат менамояд.
Дар назарияи муосири ҳуқуқ, самаранокии ҷазо на танҳо бо маҳдудсозӣ, балки бо ислоҳ, тарбия ва пешгирии ҷинояткории такрорӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, авф ҳамчун воситаи такмили сиёсати ҷиноятӣ метавонад ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткории такрорӣ мусоидат намояд.
Татбиқи чунин иқдом метавонад ба коҳиш ёфтани сарбории муассисаҳои иҷрои ҷазо, беҳтар гардидани шароити нигоҳдорӣ ва мутамарказ намудани имкониятҳои тарбиявӣ нисбат ба дигар маҳкумшудагон мусоидат намояд.
Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад, ки ин аз татбиқи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ нисбати гурӯҳҳои осебпазир шаҳодат медиҳад.
Чунин муносибат ба он асос меёбад, ки занон ва ноболиғон зери ҳимояи давлат мебошанд. Нисбат ба ноболиғон, махсусан, принсипи афзалияти тарбия татбиқ мегардад, на ҷазо зеро, ҳадафи асосӣ ҷазодиҳӣ набуда, балки ислоҳ, рушди шахсият ва пешгирии рафтори ғайриқонунӣ аст.
Қонун «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба гуруҳи шахсоне татбиқ мегардад, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад. Ин муқаррарот аз фарогирии васеи санади мазкур шаҳодат дода, имкон медиҳад, ки принсипи инсондӯстӣ на танҳо дар марҳилаи иҷрои ҷазо, балки дар дигар марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ низ татбиқ гардад.
Дар маҷмӯъ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бозгӯи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва суботи ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Директори Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Саидзода И.Ҳ.