28 майи соли 2026 , намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абулҳайзода С. Ш. ва Шарифзода А. бо кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 ва “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Вохӯриро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода И. Ҳ. кушода, суханро ба намояндагони Прокуратураи генералӣ дод.
Прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абулхай С. Ш. оид ба аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мазмуну муҳтавои он, бахусус дар бораи дастовардҳои кишвар дар солҳои охир ва дурнамои рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дар солҳои оянда ибрози андеша намуд.
Номбурда иҷрои саривақтӣ ва босифати дастру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ меҳвари асосии рушди ояндаи кишвар, таъмини сулҳу субот ва гарави оромиву осоиш ва бақои пояҳои Истиқлол арзёбӣ намуда, кормандони Марказро дар ин самт ба хизмати содиқона, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода А. дар баромади худ вобаста ба сабабу шароити пайдоиши экстремизм ва терроризм, роҳҳои пешгирии он, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, инчунин таҳдиду хатарҳои он барои давлату ҷомеа ибрози андеша намуда, кормандони Марказро ба иҷрои саривақтӣ ва босифати “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” даъват намуд.
Вобаста ба масъалаҳои номбурда кормандони Марказ низ баромад ва суханронӣ карданд.
Дар фароварди вохурӣ директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода И. Ҳ. андешаҳои худро оид ба масъалаҳои баррасишаванда, бахусус Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ” иброз намуда, ёдрас шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи амиқ ва густурдаи рушди кишвар буда, ба ободии давлат, оромии ҷомеа, пешрафт, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Вобаста ба ин, кормандонро ба меҳнати босамар, хештаншиносӣ, муқовимат ба ҳар гуна падидаҳои нохуш, аз ҷумла терроризм ва экстремизм даъват намуд.