30 сентябри соли 2025 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 10 нақшаи кории шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ барои соли 2025, ки аз ҷониби директори Марказ 13 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шартномаҳои байналмилалӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Чорабиниро директори Марказ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ бахшида, доир ба муҳимияти шартномаҳои байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии давлатҳо ҳамчун заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мавзуъҳои мухталиф аз ҷумла, танзими ҳуқуқии шартномаҳои байналмилалӣ ва аҳаммияти он дар таҳкими сиёсати хориҷӣ, тартиби бастан, тағйир ёфтан, қатъ гардидан ва бозмондани амали шартномаҳои байналмилалӣ, баъзе масъалаҳои ратификатсияи (тасдиқ) шартномаҳои байналмилалӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо кишварҳои ИДМ, забони шартномаҳои байналмилалӣ ва масъалаи интишори расмии онҳо, инчунин, нақши санадҳои байналмилалӣ дар рушди муносибатҳои гумрукӣ ва дар мубориза бо ҷинояткорӣ баромад анҷом дода шуд.
Дар охири чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои баррасигардида музокирот ва мубоҳисаи илмӣ сурат гирифт.