Иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» барои ҷавонон на танҳо майдони санҷиши донишу малакаи китобхонӣ, балки имкони бештар ошно шудан бо таърихи давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад. Дар ҷараёни озмун иштирокчиён таассурот ва андешаҳои худро аз мутолиаи осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти баргузории чунин озмунҳо баён намуданд.
Маҳина Мирзобекова: «ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ БАРОИ ҶАВОНОН АСТ».
Мирзобекова Маҳина, донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, аз иштирок дар озмун изҳори хушнудӣ намуда, омӯзиши осори Пешвои миллатро барои ҷавонон муҳим арзёбӣ кард. «Мо, ҷавонон, бояд ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат осори гаронбаҳои ӯро омӯзем. Зеро ин асарҳо барои мо чароғи ҳидоят дар роҳи пурпечутоби ҷаҳони муосир буда, моро ба шинохти таърих, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ раҳнамун месозанд», — иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Маҳина, ӯ барои иштирок дар озмун шаш моҳ омодагӣ дидааст. Аз миёни асарҳои мутолиакардааш «Чеҳраҳои мондагор» бештар писандаш гардидааст. Дар баробари ин, мутолиаи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» бинобар фарогирии маълумоти зиёди таърихӣ, факту рақамҳо барояш душвортар будааст. Маҳина мегӯяд, пас аз анҷоми даври қаблӣ чандон бовар надошт, ки ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ меёбад. Аз ин рӯ, гирифтани ҷойи дуюм ва роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ барояш рӯйдоди фараҳбахш гардид. «Дар оғоз каме ҳаяҷон доштам, аммо вақте вориди толор шудам ва фазои мусоиди озмунро эҳсос кардам, тавонистам худро ба даст гирам ва то ҳадди имкон ба саволҳои ҳайати ҳакамон посух диҳам. Умедворам, ки дар даври ниҳоӣ низ натиҷаи хуб ба даст меорам», — гуфт Маҳина Мирзобекова.
РИЗО МИРАКОВ: «ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲИССИ ИФТИХОРИ МАРО АЗ ВАТАНУ МИЛЛАТ БЕШТАР НАМУД»
Ризо Мираков, донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, иштирок дар озмунро ифодаи эҳтиром ба таърих, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, мутолиаи 24 асари Пешвои миллат барои шинохти амиқтари таърихи халқи тоҷик ва ташаккули ҷаҳонбинии ӯ мусоидат кардааст. «Бо дидани хидматҳои бузурги Пешвои миллат ҳар як ҷавони бедордил бояд андеша кунад, ки чӣ гуна метавонад саҳми худро дар пешрафти Ватан гузорад. Мутолиаи 24 асари Эмомалӣ Раҳмон ва иштирок дар ин озмун метавонад як посухи кӯчаки ман ҳамчун ҷавони пайрави сиёсати созанда бошад», — мегӯяд Ризо. Ӯ таъкид намуд, ки иштирок дар озмун ҳисси ифтихори миллиашро бештар кардааст. Ба андешаи ӯ, ҳадаф набояд танҳо ғолиб шудан бошад, балки донишомӯзӣ ва истифодаи дониш дар зиндагӣ низ аҳаммияти калон дорад. «», — афзуд ӯ.
Зоҳидҷон Урунов: иродае, ки маҳдудиятро намепазирад
Аз иштирокчиёни дигари озмун Зоҳидҷон Урунов, донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи информатика ва технологияи шаҳри Душанбе аст. Зоҳидҷон маҳдудияти биноӣ дорад, аммо ин ҳолат садди роҳи омӯзишу мутолиа ва талошҳои ӯ барои донишандӯзӣ нашудааст. Ӯ соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» иштирок мекунад. Ҳузури фаъолонаи ин ҷавони донишдӯст нишон медиҳад, ки ирода, шавқи омӯзиш ва муҳаббат ба китоб метавонанд бар бисёр монеаҳо пирӯз оянд.
Зоҳидҷон нақл мекунад, ки аз овони наврасӣ ба навиштани иншо шавқу рағбат дошт. Устодаш Сангалиева Миҷгона ба ӯ тавсия додааст, ки бештар китоб хонад ва махсусан бо осори Пешвои миллат ошно шавад. Ба гуфтаи Зоҳидҷон, ӯ бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла воситаҳои зеҳни сунъӣ, то имрӯз 19 номгӯй аз осори Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор додааст. Ният дорад, ки новобаста аз натиҷаи озмун мутолиа ва омӯзиши тамоми асарҳои Эмомалӣ Раҳмонро идома диҳад. Аз миёни асарҳои омӯхтааш «Роҳнамои маориф» барояш нисбатан душвортар будааст.
Зоҳидҷон дар оянда ҳуқуқшинос шудан мехоҳад ва бар ин назар аст, ки барои мутахассиси хуб шудан донистани таърихи давлату миллат аҳаммияти хос дорад. Ҳузури чунин ҷавонон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» собит месозад, ки китобу мутолиа метавонанд ҷавонони дорои шавқу ҷаҳонбинии гуногунро атрофи як ҳадаф — донишандӯзӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги Ватан — муттаҳид намоянд. Озмун ҳамзамон барои иштирокчиён майдони муаррифии дониш, ирода ва қобилияти таҳлилу андешаронӣ буда, онҳоро ба мутолиаи бештар, омӯзиши таърихи миллат ва истифодаи донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда ҳидоят мекунад.