Қарор аст дар наздиктарин фурсат “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шакли китоб мунташир шавад. Ин тақвим аз соли 1964 нашр мешавад ва аз соли 2022 шакли электронии он тавассути Сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ (www.kmt.tj) расонаӣ мешуд.
Дар ин бора субҳи имрӯз дар ҷаласаи назорати назди директори Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Ҷаласа таҳти раёсати Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа, пеш аз ҳама, рафти иҷрои супоришҳои дар қарори №25 аз 21 сентябри соли 2026 пешбинишуда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳисоботи сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинг оид ба фаъолияти чормоҳаи шуъба шунида шуда, вазифаҳои пешбинигардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни барарсӣ ба масъалаи тақвияти ҳамоҳангии пешбурди фаъолияти корӣ дар самти тарғиб ва расонаӣ гардонидани хидматрасониҳои Китобхонаи миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон ҳисоботи сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ оид ба вазъи таҳия ва нашри “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” шунида шуд. Гуфта шуд, ки корҳои марбут ба таҳияи тақвим тибқи нақша пурра ба анҷом расида, маводди он барои чоп омода гардидааст. Зикр гардид, ки “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таърихи фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз соли 1964 инҷониб омода ва нашр мегардад ва аз соли 2022 то ба имрӯз шакли электронии он тавассути Сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ (www.kmt.tj) тарғиб ва мавриди истифодаи кормандони соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва дигар ниҳодҳо, бахусус китобхонаҳои ҷумҳурӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин, масъалаи тайёрӣ ба баргузории маҳфилҳои адабӣ-фарҳангӣ, ҳамоишҳои маърифатӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маҳофили дар пешистода таъкид гардид.
Дар идомаи ҷаласа ба сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дастур дода шуд, ки оид ба вазъ ва омори бақайдгирии истифодабарандагони нави Китобхона миллӣ дар моҳи сентябри соли 2026 гузориш пешниҳод намояд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ба хонандагон, рушди фаъолияти фарҳангӣ-маърифатӣ, рақамикунонӣ ва беҳтар намудани муҳити корӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, масъулин вазифадор карда шуданд, ки раванди иҷрои супоришҳои тоза ироагардидаро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, аз вазъи иҷрои супоришҳо дар муҳлати муқарраргардида ба таври хаттӣ ва электронӣ гузориш пешниҳод намоянд.