Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳа таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ" баргузор гардид. Дар…
Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳа таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ" баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Кумита таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию динӣ ва риояи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим зимни баромади худ доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, таъкид дошт, ки ҷавонон бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳмадзода Абубакр доир ба нақши ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва ташаккули фарҳанги дурусти баргузории ҷашну маросим андешаронӣ намуд.
Дар идома, чанд нафар аз кормандони Кумита доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пешгирӣ аз хурофот ва ифротгароӣ, инчунин тарғиби фарҳанги баргузории ҷашну маросим андешаҳои худро баён намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъол барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар рушди соҳа сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақдим карда шуд