Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита ҳамоиши идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди…
Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита ҳамоиши идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Муовини Раиси Кумита Салим Давлатзода дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки Истиқлолу Ваҳдат барои мардуми тоҷик муқаддастарин арзишҳо ҳастанд.
Дар идома узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нависанда Зариф Ғулом доир ба моҳияти Истиқлол ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ суханронӣ намуд