Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии«Адл ва инсоф»-и Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита чорабинии тантанавӣ…
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии«Адл ва инсоф»-и Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода оғоз гардид. Зикр карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин дастовард ба ҳисоб меравад ва бо сиёсати хирадмандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пояҳои Истиқлол ва давлатдории милли мо таҳкиму тақвият ёфта, Тоҷикистон дар роҳи рушди пойдор қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ, ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ дар суханронии худ оид ба нақши таърихии Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам гардидани шароити мусоид барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуд.
Дар идома чанде аз аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Адл ва инсоф» низ доир ба Истиқлоли давлатӣ ибрози назар карданд.
Ҳамчунин чанд нафар узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Адл ва инсоф» барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуданд