Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат 5 октябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф Мухторова Лухмоной ва Валиева Ҳикматойро аёдат карда, онҳоро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд.
Раиси ноҳия зимни суҳбати самимӣ таъкид дошт, ки бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу вааҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ба беҳбудии шароити зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, имтиёзҳои зарурӣ дар қонунгузорӣ муқаррар шудаанд.
Зикр карда шуд, ки собиқадорони соҳаи маориф бо фаъолияти пурмасъулият ва меҳнати содиқонаи худ дар рушди соҳаи маорифи ноҳия саҳми арзанда гузошта, барои тарбияи чандин насли хонандагону ҷавонон хизматҳои шоиста анҷом додаанд. Таҷрибаи ғанӣ, донишу малака ва сабақҳои зиндагии онҳо барои насли имрӯзаи омӯзгорон ва ҷавонон мактаби бузурги ибрат ба ҳисоб меравад.
Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф буда, рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст. Бо назардошти ин, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон музди маоши омӯзгоронро марҳила ба марҳила зиёд намуда, баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии омӯзгорон тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
Собиқадорони меҳнат аз дастгириҳои доимӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории самимонаи худро ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.