Ҳамдиёрони азиз!
Расо 35 сол муқаддам, санаи 9-уми сентябри соли 1991, миллати саодатманди тоҷик дар фазои орому осоишта ба бузургтарин неъмат — истиқлолият соҳиб гардид.
Ин рӯзи муборак дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо ҳамчун санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиб шудан ба давлатдории мустақили миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани Парчами давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Халқи азизи Тоҷикистон 35-солагии истиқлоли кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд, зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Бо камоли шодмониву сарфарозӣ тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич ва ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни муқаддасу бузурги таърихӣ самимона табрику муборакбод менамоям.
Бояд қайд намоям, ки ин рӯзи босаодат, яъне 35-солагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ — ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.
Дар зарфи 35 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем.
Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан дар солҳои аввали истиқлол, сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, машаққат ва монеаву мушкилот буд.
Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллат ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд.
Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш нахоҳад шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун фарзандони огоҳи миллат тасмим гирифтанд, ки ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдори давлатӣ — Иҷлосияи Шӯрои Олӣ — дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.
Маҳз дар ҳамин Иҷлосия аввалин қарорҳо ва иқдомҳо доир ба қатъи хунрезӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини сулҳ қабул гардида, заминаҳои нахустини оштии миллӣ гузошта шуданд. Аз ҷумла, нахустин рамзи давлатӣ — Парчам қабул карда шуд ва корҳо оид ба таҳия ва қабули дигар рамзҳои давлатӣ ва Конститутсия оғоз гардиданд.
Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва Президенти кишвар аз ҷониби халқи кишвар интихоб карда шуд.
Сохт ва моҳияти давлатдорие, ки дар Конститутсия дарҷ гардид, аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ ва қабул карда шуд ва дере нагузашта таърих дурустии роҳи интихобкардаи тоҷиконро собит сохт.
Маълум аст, ки тоҷикон аз замонҳои хеле қадим, яъне дар тӯли таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи худ, соҳиби саводу дониш, девону дафтар, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин барои тарбияи наслҳои имрӯза ва истифодаи мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон, тайи 35 сол даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор карда шуданд. Дар ин раванд мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардида, ҷашни бостонии мардуми мо — Наврӯз — мақоми байналмилалӣ соҳиб гардид.
Яке аз иқдомҳои дигар, бо супориши Роҳбари давлат, бознашр кардан ва ба ҳар як оила дастрас намудани шоҳасари безаволи «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба муносибати ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Тоҷикистон пас аз гузаштан аз марҳилаи аввали истиқлол, ки даврони душвори ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро барои кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуд.
Кишвари мо на танҳо мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок карда, нақши созанда гузошт.
Дар ҳама пешравию дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон мебошад.
Пешвои муаззами миллат зимни татбиқи пайгиронаи арзишҳои бунёдӣ дар шароити ниҳоят мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ, шиддати рақобатҳои абарқудратҳо ва осебпазирии кишварҳои миллӣ тавонистанд, ки давлатдории миллии тоҷиконро ҳифз намуда, онро ҳамчун давлати ташаббускори ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Имрӯз Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.
Дар ин давра ташаббусҳои бузург, аз ҷумла соли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005–2015 — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018–2028 — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ва қабули қатъномаи навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 июни соли 2026 оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027–2036), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсати байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалии муосир ба шумор мераванд.
Кишвари мо бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Боварӣ дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.
Қобили қайд аст, ки ноҳияи Деваштич низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба пешравию дигаргуниҳои назаррас ноил гардида, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ вусъат пайдо намуда истодаанд.
Боиси хушҳолии мардуми мост, ки дар давоми 5 соли охир 3 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич, аз ҷумла ба Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Муҷун, Ваҳдат ва Далёни Боло, ба вуқӯъ пайваст.
Бо иқдоми созанда ва қадами мубораки Пешвои муаззами миллат дар ин давраи соҳибистиқлолӣ симои марказ ва деҳаҳои дурдасти Деваштич ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон — соҳибкорону шахсони саховатпешаи бонангу номус — амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Таъсис намудани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои мактабу маориф, тандурустию варзиш, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ дар меҳвари корҳои ободониву созандагӣ қарор доранд. Ин тадбирҳо боиси рушди босуръати деҳаю маҳаллаҳои ноҳия гардида, бунёди иншооту биноҳои истиқоматӣ бо риояи меъёрҳои муосир ба ноҳия ҳусни тоза мебахшад.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо иборат аз 580 банд ва иловатан 130 адад иншооти таъиноташон гуногун таҳия карда шуда, ҳамаи бандҳо то арафаи ҷашни таърихӣ иҷро гардидаанд.
Бо такя ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми соҳибмаърифату сарбаланди ноҳия бо итминони комил изҳор медорам, ки сокинони ноҳия ба хотири эҳтирому ҳифзи дастовардҳои истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ дар атрофи роҳбарияти олии кишвар муттаҳид шуда, сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд ва бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд.
Шуморо бори дигар ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда, хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва комёбиҳои назаррас таманно менамоям.
Бигзор истиқлолу озодӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси диёрамон оташи меҳру муҳаббат ва самимияту садоқатро барафрӯхта, сарҷамъиву иттиҳодро дар сарзамине, ки мерос аз ниёгон аст, фурӯзон нигоҳ дорад ва дар баробари кишвари азизамон, ноҳияи мо — Деваштич низ боз ҳам ободу зебо гардад!
Бигзор истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!
Бигзор истиқлолу озодӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад!
Ҷовидон бод дастовардҳои бузурги замони истиқлол — сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон!
Зиндаву ҷовид бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Тоҷикистон ба пеш — ба сӯи қуллаҳои боз ҳам баланди пешрафту тараққиёт!
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!