ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ МАРОСИМИ ГУСЕЛИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
1 октябри соли 2026 дар майдони Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар маросими бошукӯҳу тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила гусели шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шоҳсутуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба як сохтори бонизоми муосир ва боэътимод табдил ёфта, ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати тавоноию маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад.
Маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисор ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, сокинони кишвар зиндагии осоишта доранд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзи фарзандӣ, балки мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҳар ҷавонмарди баору номус мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки “саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”.
Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад, - иброз дошт Раиси ноҳия.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обутоби зиндагӣ ва касби камолот буда, маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқ будан ба хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.
Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Баҳодуров Юсуф, сержанти қисми ҳарбии 04555 Матин Маҳмудов, даъватшавандаи ихтиёрӣ, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сокини деҳаи Даштикони Ҷамоати деҳоти Яхтан Шерозҷон Шарипов ва волидайни даъватшаванда Ҳамидулло Яҳёев суханронӣ намуданд.
Инчунин дар чорабинии тантанавӣ ба раиси Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ Фирӯз Муҳаммадзода сипоснома ва «Вимпели беҳтарин Ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ», Ҷамоати деҳоти Яхтан ва раисони шӯрои маҳаллаҳои деҳаҳои Басманда, Ғазантарак, Лолазор, Даҳкат, Метк ва Анбарин барои саҳми арзанда ҷиҳати сафарбарии саривақтии ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ба наваскарон шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» аз тарафи шуъбаи МД «Мададгори мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия супорида шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ маросими «нонгазонӣ» баргузор гардида, аҳли фарҳанги ноҳия бо намоиши барномаи рангини консертӣ табъи ҷавононро болида намуданд.