Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор гардид
Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор гардид
16 апрели соли 2026 дар Кохи фарҳанги Суғдиён, шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» бо иштироки васеи намояндагони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гардида, ба рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои бойи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона карда шуд.
Дар кори форум зиёда аз 500 нафар намояндагони бахши сайёҳӣ, сармоягузорон, коршиносон ва намояндагони мақомоти давлатӣ аз 9 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тотористон, Эрон, Белорусия ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар доираи форум масъалаҳои муҳими рушди сайёҳӣ, аз ҷумла ташаккули маҳсулоти рақобатпазири сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор, рақамикунонии хизматрасониҳо ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло зимни суханронии худ аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди устувори соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷӣ изҳор дошт.
Зикр гардид, ки вилояти Суғд ҳамчун яке аз марказҳои таърихию фарҳангии кишвар ва қисмати муҳими Роҳи бузурги Абрешим дорои имкониятҳои фарохи сайёҳӣ буда, метавонад ба маркази муҳими ҷалби сайёҳони байналмилалӣ табдил ёбад.
Дар анҷоми форум ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ омодагии худро изҳор намуда, аҳамияти идомаи чунин платформаҳои муколамаи байналмилалиро муҳим арзёбӣ карданд.