Имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед бо намояндагони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum, WEF) — роҳбари самти **Experience Economy, Travel & Tourism** хонум Шарлотта Бутбул ва роҳбари…
Имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед бо намояндагони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum, WEF) — роҳбари самти **Experience Economy, Travel & Tourism** хонум Шарлотта Бутбул ва роҳбари самти Аврупо ва Авруосиё ҷаноби Дитрих Ҷон мулоқоти маҷозӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи омодагӣ ба Индекси рушди саёҳат ва сайёҳӣ (Travel & Tourism Development Index) инчунин тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба такмили нишондиҳандаҳои асосӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, рақамикунонии соҳа, рушди устувори сайёҳӣ ва муаррифии иқтидори сайёҳии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтингҳои пешбари ҷаҳонӣ иброз намуданд.