Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо шаҳри Санкт-Петербург.
20 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода бо муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург Нана Маргушевна Гвичия баргузор гардид. Дар ҷараёни…
20 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода бо муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург Нана Маргушевна Гвичия баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди сайёҳӣ, табодули таҷриба, афзоиши гардиши сайёҳӣ, ташкили турҳои муштараки таблиғотӣ (FAM), иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкориро баррасӣ намуданд.